ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран кормандони милитсия сокини ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Аштро, ки дар фурӯши ғайриқонунии замини наздиҳавлигӣ гумонбар дониста мешавад, боздошт намуданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян шуд, ки соли 2018 марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини ҳамин ҷамоат даромада, аз ӯ 580 ҳазор рубли русӣ гирифта, аз заминҳои хоҷагии деҳқонии “Шермат”-и ҳамин ноҳия 0,16-га қитъаи замини наздиҳавлигиро ғайриқонунӣ фурӯхтааст.
Гуфта мешавад, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шудаааст.
Дар ҳоли ҳозир аз ҷониби кормандони милитсия, тафтишоти ин ҳодиса идома дорад.