Аудиторони қазоқистонӣ дар Хуҷанд бо таби баланд ва дарди гулӯ қарантина шуданд

Панҷ нафар аз нозирони молӣ, ки аз Қазоқистон барои баррасии амалкарди молии Бонки Эсхата дар Хуҷанд ба вилояти Суғд омада буданд бо аломати таби боло ва дарди гулӯ қарантина шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 апрел - Sputnik. Мақомоти идораи тандурустии вилояти гуфтаанд, ки натоиҷи озмоиши ин афрод барои Ковид-19 манфӣ буда ва ба хотири итминони бештар ба Душанбе ирсол шудааст, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон дар истинод ба сомонаи Топ Тиҷӣ
Ин дар ҳолест, ки атбоъи Қазоқистон ҳангоми вуруд ба Хуҷанд бо худ гувоҳиномаи озмоиши манфии Ковиди 19-ро ба ҳамроҳ доштаанд.
Дар пайи ин ҳодиса тамоми 60 корманди Бонки Эсхата дар Хуҷанд тести Ковид-19 додаанд.
Қобилҷон Гиёев - “аҷали коронавирус” кор ёфт
Гуфта мешавад ,ки натиҷаи озмоиши ин кормандон манфӣ буда, вале барои эҳтиёти бештар, муқаррароти дуркорӣ барои онон иҷро шудааст.
Бар асоси гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ин кишвар аз оғози соли 2021 ҳеч мавриди ҷадиди бемории Ковиди 19 мушоҳида нашуда ва омори мубталоёну фавтшудагон ҳамон 13 ҳазор олуда ва 90 ҷонбохта мебошад, ки ба соли 2020 бармегардад.