Рӯзи 17 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1968 дар Иттиҳоди Шӯравӣ барномаи телевизионии "Дар олами ҳайвонот", ки ровии он Александр Згуриди буд, нахустин маротиба пахш гардид.
Рӯзи 17 апрел дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2003 Президент Эмомалӣ Раҳмон директори ширкати "Джи Эн Ай Инвестмент ЛТД" Натаниел Ротшилдро ба ҳузур пазируфт.
Соли 2003 дар шаҳри Душанбе Комиссияи байнипалатагии парлумонӣ оид ба ҳамкорӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия доир шуд.
Соли 2007 дар шаҳри Душанбе аввалин форуми тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Латвия баргузор гардид.
Соли 2009 дар машқгоҳи низомии Фахробод машқҳои зиддитеррористии якҷояи кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай "Норак – Антитеррор – 2009" баргузор гаштанд.
Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки барои иштирок дар мулоқоти нуҳуми худ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.
Соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум иштирок ва суханронӣ намуд.
Соли 2015 дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони маҷмааи нави биноҳои маъмурии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида шуд.
Соли 2018 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ доир гардид.
Ҷашнҳои рӯзи 17 апрел
Рӯзи ҷаҳонии бемории гемофилия.
Дар Ҷопон рӯзи ҳифзи кӯдакон.
Рӯзи 17 апрел дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1913 – Абдулаҳад Каҳҳоров, ходими давлатӣ, раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ.
Соли 1923 — Борис Литвинский, олими таърихшинос, академик.
Соли 1934 — Зуҳро Каримова, раққоса, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон.