ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти намояндагони Хадамоти назорати давлатии тандурустии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии рушди соҳаи фармасевтии Ӯзбекистон доир шуд.
Дар ин мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ ва самтҳои мухталифи соҳаи фармасевтӣ баррасӣ шудааст.
Намояндагони ду кишвар аз ҷумла, инкишофи саноати дорусозӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, мусоидат барои бақайдгирӣ ва муомилоти маводи дорувории тарафҳо дар кишварҳоро баҳс кардаанд, менависад АМИТ "Ховар".
Гуфта мешавад, ки вохӯрии мазкур дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд байни ниҳодҳои мазкур гузаронида шуд.
Дар мулоқот сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Бекмуродзода, муовини якуми сардори Хадамот Идибек Қадамов, директори Агентии рушди соҳаи фармасевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Кариев ширкат доштанд.
Ҳамчунин мушовири сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Отабек Алимов, намояндаи ширкати “Маримед”-и Ӯзбекистон Абдувоҳид Ваҳобов ва намояндагони ширкатҳои истеҳсолии фармасевтии ватанӣ иштирок намуданд.