ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон таваррум ба 3,3 дар сад баробар шуд, хабар медиҳад Агентии омори кишвар.
Моҳи марти соли 2021 болоравии таваррум дар бахши истеъмолӣ 1,8 дар садро ташкил дод.
Ҳамин тавр, маҳсулоти хӯрока дар ин давра то 4,4 дар сад гарон шуданд, арзиши маҳсулоти ғайрихӯрока то 2,4 дар сад гарон гардид.
Дар ҳамин ҳол, арзиши хизматрасониҳои пулакӣ то 1,3 дар сад боло рафтанд. Бештар аз ҳама аз аввали сол картошка гарон шуд - арзиши он то 30 дар сад боло рафт.
Шакар ва равғани растаниву чарб 7,5 дар сад қимат шуданд. Ҳамчунин сабзавот дар умум 23, 4 дар сад гарон шудаву гӯшт 4,3 дар сад гарон шудааст.
Бино бар иттилои Агентии омор, аз авали ин сол аз маҳсулоти хӯрока ҳамчунин арзиши лимон - 17,1 дар сад, гӯшти гӯсфанд - 10,4 дар сад, равғани пахта - 9,2 дар сад боло рафт.
Бархе маҳсулот аз қабили пиёз, - то 18,2 дар сад, гурунҷ - 2,5 дар сад, орди гардум навъи якум то 1,3 дар сад арзон шудаанд.
Пешбинӣ мешавад, ки таваррум соли равон 6,9 дар садро ташкил хоҳад дод.