ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Маҷлиси миллӣ қарорҳо дар бораи иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Хатлон ва ноҳияи Тоҷикободро қабул кард.
Ба иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, тағйироти мазкур бо пешниҳоди ҳукумати кишвар сурат гирифт.
Бар асоси қарорҳое, ки Ҳукумат ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда буд, дар ноҳияи Данғара номи деҳоти Оқсу ба Сафобахш, деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ ба Себистон ва Кангӣ ба Меҳргон иваз шуд.
Дар ноҳияи Фархор номи деҳоти Деҳқонариқ ба Деҳқонобод, номи деҳоти 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба Истиқлол, Ғайрат ба Хуросон, Ғалаба ба Хутан, Хуррамзамин ба Ориён иваз гардид.
Бар асоси қарори Ҳукумат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ номи деҳоти Узун ба Золи Зар, деҳоти Фрунзе ба Навоӣ, деҳаи Москва ба Зарзамин, Ҳосилот ба Обчакорон, деҳаи Киров ба Даштобод, Ташробод ба Сабзадашт мубаддал шуд.
Дар ноҳияи Темурмалик маҳаллаи Совет номи Баҳманруд, деҳоти Лақай Кармишев номи деҳоти Кушктеппа, деҳоти Бобоюнус номи Чилчаҳ ва деҳоти Қаракамиш номи Ҳусайнободро гирифт.
Дар мавриди тағйири номҳо дар Тоҷикобод ҳукумат қарор карда буд, ки номи деҳоти ба номи Мунавваршо Шогадоев ба деҳоти Зарафшон, деҳаи Келинбоки деҳаи Қалъаи Лаби Об ба Сурхкуҳ, деҳаи Зарафшони деҳоти Мунваршо Шогадоев ба Шинг ва деҳаи Анвар Қаландарови деҳоти Лангари Шоҳ ба Анваробод иваз карда шуд.