ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Матвиенко аз барқарорсозии раванди муҳоҷират гуфта, изҳор дошт, ки ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ бояд бо риояи қоидаҳои эпидемиологӣ ва талаботи санитарӣ сурат гирад.
Ӯ дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ изҳор дошт, ки дар шароити пандемияю марзбандиҳо бархе дучори норасоии нерӯи корӣ, бархеи дигар ба коҳиши интиқоли маблағ дучор гардиданд. Раиси Шӯрои федератсия ҳушдор дод, ки агар давлатҳо марзҳоро боз накунанд, хавфи нишон додани сатҳи пасти рушди иқтисодӣ ҷой дорад.
"Мо ҳамаи корро анҷом медиҳем, то Русия як давлати хайрхоҳ барои ҳамаи шарикони мо, боқӣ монад, барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки мехоҳанд дар кишвари мо кор, таҳсил ва зиндагӣ кунанд", - гуфт Матвиенко.
Ба гуфтаи Матвиенко, ҳукумати Русия барои содда кардани ҷалби коргарони хориҷӣ як қатор тадбирҳоро андешида истодааст, ки яке аз онҳо эҷоди Пойгоҳи ягонаи иттилоотӣ барои сабти номи муҳоҷирон хоҳад буд.
Ӯ илова намуд, ки инчунин таҳияи Кодекси муҳоҷират низ ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст.
Раиси Шӯрои Федератсия инчунин аз зарурати омӯзиши забони русӣ, малакаҳои касбӣ, гирифтани маълумоти олӣ ва дигар чорабиниҳо оид ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос гуфта, ҳамзамон таълимоти санитарию эпидемиологӣ барои муҳоҷирони меҳнатиро зарур хонд.