Малайзия дар Тоҷикистон донишгоҳ мекушояд

Ширкати "Serba Dinamik Holding Berhad"-и Малайзия тасмим дорад, дар Тоҷикистон Донишгоҳи технологияи иттилоотӣ таъсис диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Малайзия нақша дорад, дар Тоҷикистон донишгоҳи технологияи иттилоотӣ таъсис диҳад, хабар медиҳад Вазорати маорифи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, тарҳи ифтитоҳи донишгоҳро ширкати "Serba Dinamik Holding Berhad" кашидааст, ки чанде пеш намояндааш бо вазири маорифи Тоҷикистон мулоқот дошт.
""Serba Dinamik Holding Berhad" ният дорад, ки бо иҷозати мақомоти Тоҷикистон ҳамчун макони омӯзиши таҷрибаи фаъолияти пешсафи ин ширкат ба шаҳрвандони тоҷик Донишгоҳи технологияи иттилоотӣ таъсис диҳад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Сингапур дар Душанбе донишкадаи байналмилалӣ ифтитоҳ мекунад
Дар сурати пазируфта шудани ин пешниҳоди ширкат аз ҷониби Тоҷикистон маблағгузорӣ барои сохтмон ва фаъолияти минбаъдаи онро ширкат ба зиммаи худ гирифта, низоми таҳсил ва мудирияти донишгоҳ мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи қонунгузории Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои ташкили квотаҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар донишгоҳҳои Малайзия аз ҷониби ин ширкат баррасӣ шуд.
Миёни ҳукуматҳои Малайзияю Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2014-2023 ва миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду донишгоҳи кишвари Малайзия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.
Ширкати "Serba Dinamik Holding Berhad"-и Малайзия яке аз ширкатҳои бонуфузи ин давлат ба ҳисоб рафта, ҳоло дар 25 кишвари ҷаҳон фаъолияти худро дар самтҳои технологияи иттилоотӣ, неругоҳҳои барқӣ, иқтисоди рақамӣ, сохтмон ва ғайра ба роҳ мондааст. Ҳамзамон он таҷрибаи таъсиси донишгоҳҳо дар дигар кишварҳои хориҷиро дошта, дар ин самт низ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.