Дар Кремл аз посух ба таҳримҳои ИМА гуфтанд

Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков зимни шарҳи посухи эҳтимолӣ ба таҳримоти ИМА ва ихроҷи 10 корманди дипломатии Русия гуфт, ки касе принсипи мутақобиларо бекор накардааст, аммо ҳама чиз аз қарори сарвари давлат, Владимир Путин вобаста хоҳад буд.

"Дар маҷмӯъ, принсипи тарафайн дар чунин масъалаҳо бекор нашудааст, ин принсипи асосист. Аммо ман бори дигар ба шумо мегӯям, ки ҳама чиз аз қарори қабулкардаи сарвари давлат вобаста хоҳад буд", - гуфт Песков.

Дмитрий Песков
Котиби матбуотии президенти Русия
Сухангӯи Владимир Путин ин нуктаро ба хабарнигорон дар посух ба суоли тасмими ҷавобии Русия барои таҳримҳои нави ИМА, изҳор дошт.
Иёлоти Муттаҳида рӯзи панҷшанбе алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кард, ки он 32 нафар ва иттиҳодияҳоро фаро мегирад.
Таҳримҳо инчунин ба муассисаҳои молиявии ИМА харидани вомбаргҳои давлатии Русияро ҳангоми ҷойгиркунии аввалия пас аз 14 июн манъ мекунанд.
Захарова: сафири ИМА ба ВКХ Русия даъват шуд, сӯҳбат душвор хоҳад буд - видео
Ғайр аз он, Вашингтон эълон кард, ки 10 корманди дипломатии Русияро аз кишвар хориҷ мекунад.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия, роҳи таҳримоти ИМА ба манфиатҳои мардуми ду кишвар нахоҳад буд.
Ҷавоб ба таҳримҳои ИМА таҳия хоҳад шуд ва дар ояндаи наздик дар ин бора хабар хоҳанд дод, илова кардааст ин ниҳод.