ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот кардааст, хабар медиҳад, дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
гуфта мешавад, ки дар мулоқот ҷонибҳо доир ба имконияти рушди ҳамкорӣ дар бахши омодасозии омӯзгорони баландихтисоси забони фаронсавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ифтитоҳи маркази фарҳангии забономӯзӣ табодули назар кардаанд.
Ҳамчунин ҷонибҳо бунёди корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот ва содироти он ба Франсия, ташкили намоишгоҳҳои рассомӣ, фестивалҳо, сафарҳои ҳунарӣ, чорабиниҳои сайёҳӣ, варзишӣ, рӯзҳои фарҳангӣ, роҳандозии ҳамкории доираҳои тиҷоратии минтақаҳои ду кишвар ва дигар самтҳо табодули назар карданд.
Қурбон Ҳакимзода дар ин дидор гуфтааст, ки "Мақомоти вилоят ба масъалаи рушди соҳаи иқтисодиёт диққати аввалиндараҷа дода, ҷиҳати беҳсозии фазои сармоягузории ватанию хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Вилояти Хатлон бо 34 кишвари наздику дур ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба роҳ монда, гардиши савдои хориҷии вилоят соли 2020 беш аз 308 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Соли равон дар ҳудуди вилоят 35 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 478 миллион доллар амалӣ мегарданд", - гуфтааст ӯ.
Ҳамчунин ҷонибҳо ба масъалаи рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.
Зикр гардидааст, ки шумораи корхонаҳои саноатии вилоят ба беш аз 620 адад расида, танҳо соли гузашта дар вилоят ба маблағи умумии 8,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва сафири Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран изҳори итминон намуданд, ки барои вусъати ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ миёни минтақаҳои ду кишвар шароит фароҳам мебошад.
Манбаъ афзуда, ки Мишел Тарран аз пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки якчанд маротиба аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлон дидан кардаву таассуроти нек бардоштааст.