Даргузашти Мирзо Азизов, ҳунарпешаи шинохта - акс

Мирзо Азизов, ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон, дар синни 57-солагӣ даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Азизов, ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон, мудири Театри давлатии мусиқӣ рӯзи ҷумъа дар синни 57-солагӣ дунёро падрӯд гуфт
Дар ин бора "Самаркандский вестник" хабар додааст.
Дар мавриди иллати даргузашти ҳунарманди шинохта иттилое дода нашудааст. Азизов, 22 майи соли 1963 дар Чуст таваллуд шуда, соли 1987 Донишкадаи санъатро хатм кардааст.
Ӯ соли 1999 унвони ҳунарманди хизматнишондодаи Ӯзбекистонро соҳиб шуд.
Азизов бо нақши Фиръван дар намоишномаи “Юсуф ва Зулайхо”, Баҳром дар “Фарҳод ва Ширин”, Мадалихон дар “Нодирабегим” ва Алпомиш дар намоишномаи “Бозгашти Алпомиш” шинохта шудааст.
Ӯ инчунин дар филмҳои “Остона”, “Муҳаббат синовлари”, “Тубанлик”, “Мухаббатимсан” ва ғайра нақш офаридааст.