ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Лутфулло Абдуллозода, бо пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми додраси Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон бозхонд гардид, хабар дод котиботи Маҷлиси миллӣ.
Ба иттилои манбаъ, далели бозхонди Абдуллозода расидан ба синни ниҳоии кор дар вазифаи судя мебошад. Синни ниҳоии кор дар вазифаи судя дар Тоҷикистон барои занон 58 ва барои мардон 63 мебошад.
Абуллозода, ки аз соли 2002-юм то ҳол дар мақоми додраси Додгоҳи конститутсионӣ кор мекунад, ба синни 63 расид.
Ӯ мутаваллиди соли 1958 буда, соли 1980 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
“Фаъолияти меҳнатиашро соли 1980 ҳамчун коромӯзи прокуратураи ноҳия оғоз намудааст. То соли 1996 дар вазифаҳои гуногуни мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз соли 2001 то соли 2002 мушовири Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кор кардааст”, - омадааст дар ҳолномаи Абдуллозода, ки сомонаи Додгоҳи конститутсионии ҷумҳурӣ нашр кардааст.
Ӯ машваратчиии адлияи дараҷаи аввал буда, аз соли 2002 то ҳол судяи Суди конститутсионӣ буд.