Тӯфони рег боз Пекинро фаро гирифт: видео

Бори дигар регҳои биёбони Муғулистон осмони Чинро фаро гирифтанд
Sputnik
Бори дигар регҳои биёбони Муғулистон осмони Чинро фаро гирифтанд
Дар давоми як сол бори саввум шамол регҳои Муғулистонро ба Чин мебарад.
Осмони Пекинро абрҳои зард фаро гирифтаанд. Чанг ва рег дар ҳаво эҳсос мешавад ва нафаскаширо душвор мекунад.
Хокбориш дар Пекин: эълони хатар - акс
Аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки бидуни зарурат хонаҳои худро тарк накунанд.
Сатҳи зарраҳои зарарноки PM2.5 дар ҳаво аз меъёр зиёд шуда, ба як метри мукааб 102 мкг расид. Таркиби зарраҳои PM10 бошад ба дараҷаи барои саломатӣ хатарнок - 439 мкг расидааст.
Тӯфони рег ба Қазоқистон ҳам расид: видео
Расонаҳо қаблан навишта буданд, ки тӯфон дар даҳсолаи охир шадидтарин аст.
Тӯфони рег дар Пекин рухдоди ғайриоддӣ нест. Ин тӯфон аз биёбонҳои Вилояти Мухтори Муғулистони Дохилӣ омадааст.