ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Сокиноне, ки азми муҳоҷират ба Русияро доранд, аз афзоиши нархи чиптаи хатсайрҳои чартерии ҳавопаймоӣ ва мушкили то ба ҳол боз нашудани парвозҳои маъмулӣ дар Хуҷанд изҳори нигаронӣ мекунанд.
Садриддин Дӯстов, яке аз сокини ноҳияи Деваштич, барои харидани билети ҳавопаймо ба Хуҷанд омад, вале бо нархи арзон билет дарёфт карда натавонистааст.
“Чанд кассаи билетфурӯширо пурсидам, аз 10 - 12 ва ҳатто то 15 ҳазор сомонӣ арзон нест. Барои мисол як корманди авиакасса гуфт, ки билети рӯзи 20 уми апрел, барои самти Хуҷанд - Красноярск 12 ҳазору 321 сомонӣ аст”, - гуфт ӯ.
Як нафари дигар, ки худро сокини ноҳияи Ашт хонд, дар бораи мушкили дарёфти чиптаи ҳавопаймоҳои чартерӣ гуфт, ду рӯз боз вақташро барои харидани билети ҳавопаймо дар назди кассаҳои билетфурӯшии Хуҷанд сипарӣ мекунад.
“Дирӯз гуфтанд, ки санаи парвози ҳавопаймои чартерии самти Хуҷанд - Москва ҳоло дақиқ несту бояд интизор шавем. Имрӯз гуфтанд, ки билети хатсайри Хуҷанд – Москва, барои санаи 19 апрел, 15 ҳазору 90 сомонӣ шудааст”, - зикр кард сокини Ашт.
Кормандони кассаҳои билетфурӯшӣ, сабаби баландшавии нархро дақиқан шарҳ намедиҳанд.
Аммо як масъули ширкати ҳавопаймоии “S 7” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон, сабаби гароншавии нархро ба талаботи бозор маънидод намуд ва афзуд, ки “фасли баҳор мавсми ба муҳоҷират рафтани сокинон ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, шумори хариддорони чиптаи ҳавопаймоҳо хеле зиёданд. Вақте, ки талабот ба чизе дар бозор зиёд шуд, нархи он ба таври табиӣ меафзояд”.
Ин корманди ширкати ҳавопаймоӣ роҳи поён рафтани қиммати билетҳоро шарҳ дод.
Ӯ гуфт, дар сурати боз шудани парвозҳои маъмулӣ аз тариқи Хуҷанд ва дигар минтақаҳои кишвар вазъ қадам ба қадам ба эътидол меояд ва қиммати чиптаҳо ҳам поён меравад.
Тавре мушоҳида мешавад, ҳоло шумори онҳое, ки барои харидани билети ҳавопаймо ба Хуҷанд омадаанд, хеле зиёд аст.
Сокинон умедвори ҳар чи зудтар боз шудани хатсайрҳои маъмулӣ аз тариқи Фурудгоҳи Хуҷанд ҳастанд.
Зимнан дар фурӯдгоҳи Хуҷанд танҳо парвозҳои чартерӣ аз ҷониби ширкатҳои “Somon Air”, “UTair” ва “S 7” амал мекунад ва билети сафар барои онҳое, ки шиносномаи русӣ доранд ва ё онҳое, ки барои рафтан ба табобат, худро дар Портали ягонаи давлатии хизматрасониҳои Русия сабт кардаанд, фурӯхта мешавад.
Ахиран мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистону Русия сари анҷоми парвозҳо аз аввали моҳи апрел миёни ду кишвар ба тавофуқ расиданд.
Бар асоси ин мувофиқа ҳар ҳафта ду парвоз миёни танҳо шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои бузурги Русия анҷом мешавад.
Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар ҷаласае гуфт, ки ин ниҳод дар пайи таҳлили хароҷоти аслии парвозҳо ба ин натиҷа расидааст, ки арзиши қимати чипта ба ҳарду тараф набояд аз маҳдудаи 500 доллари амрикоӣ зиёд бошад.
"Аз ин хотир, ки талабот ва мусофирин дар Тоҷикистон бештар ҳастанд, қимати парвоз ба самти Маскав набояд аз марзи 250 - 350 доллар убур кунад. Аз он тараф, ки талабот ва мусофирин камтаранд, нархи чипта набояд аз 150 – 200 доллар бештар бошад. Дар ҳарду ҳолат ширкатҳо ҳақ надоранд қимати рафту баргаштро аз 500 доллар бештар кунанд", - гуфт Субҳонзода.
Пас аз роҳандозии фурӯши чипта пушти дари кассаҳо талабгорони сафар ба Русия рехтан ва ҳатто барои дарёфти он шабҳоро дан он ҷой саҳар карданд.
Ба гуфтаи онҳо, чиптаҳоро бо нархҳои ҳангуфт дастрас карданд.
Ба ин дунбол Икром Субҳонзода намояндагони ширктаи “Somon Air” ва “UTair”- ро барои гарон фурӯхтани чипта ба ҷаласаи изтирорӣ даъват ва онҳоро вазифадор кард, ки вазъро ислоҳанд.
Аммо сокинон мегӯянд, вазъ ҳамоно ташвишовар аст ва дастури роҳбари Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавриди парвохҳои чартерӣ ва парвозҳои мустақим иҷро намешавад.