Мулоқоти генералҳои тоҷику рус, аз фаъолияти пойгоҳи низомии Русия то тамринҳои густурда

Намояндагони ниҳодҳои низомии Русияву Тоҷикистон дурнамои рушди мудофиаро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik.Дар Маскав рӯзи гузашта ҷаласаи Кумитаи низомии СПАД баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар бораи баргузории марҳилаҳои тамринҳо таҳти сарпарастии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ тасмим гирифтанд.
Панҷ рӯз ва ҳазорон низомӣ: ҷузъиёти тамринҳои муштараки Русияву Тоҷикистон
"Имсол дар қаламрави Тоҷикистон се машқҳои муштарак ба нақша гирифта шудааст: бо қувва ва воситаҳои иктишофии "Поиск-2021", бо қувваҳо ва воситаҳои таъминоти моддию техникии "Эшелон-2021", бо нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши фаврии СААД "Интеракция-2021", - гуфт ба хабарнигорон сардори Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия генерали артиш Валерий Герасимов.

Дар ҳудуди Федератсияи Русия баргузории машқҳои муштарак бо нерӯҳои посдори сулҳи СПАД "Бародарии вайроннашаванда-2021" ба нақша гирифта шудааст, гуфт Герасимов.

Иштирокчиёни ҷаласа мушкилот ва таҳдидҳо ба амнияти низомӣ дар минтақаҳои амнияти дастаҷамъии СПАД-ро баррасӣ карданд.
Вазорати дифои Тоҷикистон шиддат гирифтани вазъ дар минтақаи АвруОсиёро пешгӯӣ кард
Инчунин хабар дода мешавад, ки муовини якуми вазири мудофиаи Федератсияи Русия, генерали артиш Валерий Герасимов ва сардори Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳ - муовини якуми вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода гуфтушунид карданд.
Дар ҷараёни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-техникии Русияву Тоҷикистон, аз ҷумла фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон муфассал баррасӣ шудааст.