ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Дар Русия, муҳоҷиронро вазифадор мекунанд, ки дониши худро дар бораи забони русӣ на дар панҷ сол як маротиба, тавре ки қаблан буд, балки ҳар се сол тасдиқ кунанд, хабар медиҳад портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ.
Фармони дахлдорро сарвазири Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба имзо расонид.
Ҳамин тариқ, шаҳодатномаи донандаи забони русӣ, таърихи Русия ва қонунҳои он, аз рӯзи додани санад дар давоми се сол эътибор дорад.
Ин ҳуҷҷат барои гирифтани иҷозатномаи кор ё патент дар кишвар талаб карда мешавад.
Барои гирифтани иҷозати истиқомати муваққатӣ ё РВП низ ҳамин муҳлат муқаррар карда шудааст, аммо барои гирифтани иҷозат барои истиқомат ё ВНЖ шаҳодатнома бемуҳлат аст.
Дар сурати бекор кардани иҷозатномаи истиқомат, амали шаҳодатнома низ қатъ карда мешавад. Қонуни нав моҳи июни соли 2021 эътибор пайдо мекунад.
Бояд гуфт, қабули имтиҳон ва додани шаҳодатномаҳо барои муҳоҷирон ба ташкилотҳои таълимии Русия ва хориҷи кишвар, ки ба феҳристи махсус дохил карда шудаанд, иҷозат дода мешавад.