ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Ба нақл аз рӯзноимаи “Ҷумҳурият”, бо иқдоми котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои дастгирии оилаҳои камбизоат аз ҷониби маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар моҳи шарифи Рамазон ба 9331 нафар аз оилаҳои ниёзманд дар 8 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлону шаҳри Душанбе кумаки моддӣ расонда мешавад.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки шахсони кумакгиранда нафарони дорои маъюбият, пиронсолони яккаву танҳо ва аз оилаҳои ниёзманди шаҳри Душанбе (1631 нафар), шаҳри Кӯлоб (1000), ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (900), Муъминобод (900), Ховалинг (1000), Фархор (1000), Темурмалик (1000), Ҷайҳун (1000) ва Ҷалолиддини Балхӣ (900 нафар) мебошанд.
Ин амали башардӯстона дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо роҳандозӣ шудааст.
Дар ин хусус роҳбарияти ҶҲАТ қаблан ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои болозикр ҷиҳати пешниҳоди рӯйхат доир ба оилаҳои камбизоат бо мактуби дархостӣ муроҷиат карда буд. Ҳамин тавр, дар асоси ин рӯйхати пешниҳоднамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тақсимоти кумаки башардӯстона ба роҳ монда шудааст.
Баҳодур Қурбониён, Котиби генералии ҶҲАТ, чунин зикр намуд, ки дастгирии ниёзмандон, иборат аз шахсони дорои маъюбият, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии ҷамъият ба ҳисоб рафта, масъулон кӯшиш мекунанд, ки барои дастгирии онҳо ҳамеша мусоидат намоянд.
“Имсол дар доираи вохӯрии роҳбарияти ҶҲАТ бо намояндагони маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмон ва Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни ҷамъият ва маркази номбурда мебошад. Ин яке аз корҳои хайри Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудист, ки дар Тоҷикистон анҷом дод”, - гуфт номурда.