Сокини Бохтар барои исботи хиёнати янгааш "ошиқ"-и ӯро латукӯб ва аз озодӣ маҳрум кард

Як сокини Бохтар, ки зани бародари худро ба хиёнаткорӣ муттаҳам мекунад, хост "ошиқ" - и ӯро ҷазо диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Чор сокини шаҳри Бохтар аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуданд. Ҳар чор нафари онҳо дар латукӯби марди 41 - сола гумонбар дониста мешаванд.
Бар хабари котиботи ВУД Тоҷикистон, боздоштшудаҳо сокинони 45, 32, 27 ва 25-солаи Бохтар мебошанд.
Боздошти марде, ки пас аз ҷудо шудан аз ҳамсару 5 фарзанд, молу мулки занашро оташ зад
Қайд карда мешавад, ки марди 45-сола тасмим гирифтааст, ки далели хиёнати ҳамсари бародари худ, зани 37-соларо бо як сокини 41-солаи ноҳияи Кушониен исбот кунад.
Бо ин мақсад, рӯзи 21-уми марти соли ҷорӣ тахминан соати 15:30-дақиқа, мошини дӯстдоштаи эҳтимолии занро дар деҳаи Ғайрати ҷамоати деҳоти Заргар манъ карда, ӯро ба мошини дигар маҷбур шинонида, маҷбуран ба ҳуҷраи манзили истиқоматии хоҳараш, ба Бохтар бурданд.

"Дар онҷо нисбаташ зӯроварӣ нишон дода, дасту пойҳояшро баста, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, зиёда аз 3-соат ӯро ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд", - афзудааст манбаъ.

ВУД мегӯяд, нисбати гумонбаршавагдагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 131 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷкистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.