Дар Тоҷикистон телевизиони "Илм ва табиат" фаъол мешавад

Дар Тоҷикистон фаъолияти телевизиони нав "Илм ва табиат" оғоз мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Як манбаъ аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имрӯз дар кишвар "Рӯзи илм" таҷлил мешавад ва ҳамзамон фаъолияти телевизион "Илм ва табиат" низ роҳандозӣ хоҳад шуд.
Номбурда гуфт, олимони тоҷик қабри олимони маъруфро зиёрат карда, хотираи Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммадҷон Осимӣ, Султон Умаров, Лоик Шералӣ, Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир ва дигаронро пос доштанд.
Ҳамзамон Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни ҳамоише аз дастовардҳои илми тоҷик гуфтааст.
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Эмомали Раҳмон ба Исмоилзода Зинатуллоҳ вазифаи нав дод
Ёдовар мешавем, масъалаи ташкили шабакаи "Илм ва табиат"- ро Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2020 дар мулоқот бо олимони кишвар ба миён гузошта буд.
Ӯ таъкид карда буд, ки дар шабакаи мазкур таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд. Супориш дода шуд, ки дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабака дастовардҳои илми ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсионӣ бояд пайваста муаррифӣ гарданд.
Моҳи сентябри худи ҳамон сол Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат дар кишвар шабакаи ҷадиди телевизиониро таъсис дод.
Бар асоси қарори Ҳукумат, барои шабакаи тозатаъсис “Илм ва табиат” 87 воҳиди корӣ ҷудо карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон бо ҷудо кардани бештар аз 2 миллион як озмуни нав эълон кард
Маблағгузории шабакаи ҷадид аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ амалӣ мешавад. Дар оинномаи тасдиқшудаи “Илм ва Табиат” омадааст, ки шабакаи мазкур ба забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ 24 соат дар як шабонарӯз барнома пахш хоҳад кард.
Моҳи марти соли ҷорӣ бошад, президент бо қарор Исмоилзода Зинатуллоҳро аз вазифаи мудири муассисаи давлатии "Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон" озод ва роҳбари муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат" таъйин кард.