ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Машқҳои муштараки Русия ва Тоҷикистон аз 19 то 23 апрел баргузор мешаванд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Округи марказии ҳарбӣ.
Ба гуфтаи фармондеҳи Округи марказии ҳарбӣ генерал-полковник Александр Лапин, дар манёврҳо зиёда аз 3,5 ҳазор хизматчиёни ҳарбии воҳидҳои 201-уми Русия ва нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ширкат меварзанд.
"Марҳилаҳои тамринҳо дар полигонҳои Ҳарб-Майдон, Момирак ва Самбули баргузор мешаванд. Хизматчиёни ҳарбии ду кишвар масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҷангӣ ва истифодаи якҷояи нерӯҳоро дар иҷрои вазифаҳои таълими ҷангӣ таҳия хоҳанд кард".
Аз пойгоҳи низомии 201- уми Русия дар Тоҷикистон дар ин машқҳо тақрибан 2,5 ҳазор низомиён ширкат меварзанд.
Дар ин тамринҳо то 400 воҳиди техникаи низомӣ ва махсус, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҳамлавари Су-25SM, чархболҳои Ми-24 ва Ми-8, тонкҳои Т-72, мошинҳои ҷангии пиёданизом, зиреҳпӯшҳо, системаҳои мушакии сершумори "Град", "Тӯфон ", тупхонаҳои "Карасанг " ва "Акация" ширкат хоҳанд кард.