Ҳолномаи домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ: рӯҳоние, ки президент ба хабаргириаш мерафт

Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ яке аз пурпайравтарин рӯҳониёни суннимазҳаби тоҷик буд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд бор ҳангоми сафараш ба водии Рашт ба хабаргириаш рафта буд
Sputnik

Шарҳи ҳоли Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Фатҳуллоев Ҳикматуллоҳ маъруф ба Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ соли 1941 дар деҳкадаи Ғилмони водии Қаротегин дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст.
Падараш деҳқони асил ва илмдӯст буда, ҳама фарзандонро ба хондан ва донистани ахлоқи шаръӣ тарғиб менамуд.
Худи домулло дар бораи оғози таълимоти динияш мегӯяд, "ин фақир назди ҷаддаи худ( модари модар)- раҳмати Худо бар ӯ бод- дар хурдсолӣ хондани Қуръон ва саводхонии форсиро таълим гирифта будам. ”Чаҳоркитоб”, “Каримо”, “Панҷганҷ”, девони Ҳофиз ва дигар китобҳоро мехондам…".
Домулло Хикматулло Тоджикободи
Домулло Ҳикматуллоҳ таълими ибтидоии мазҳабиро назди бибиаш, яъне назди модари модараш гирифтаааст ва шуруъ аз соли 1952 назди донишмандоне аз қабили Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хуҷаи Кўлобӣ, Домулло Шералии Андиҷонӣ таълим мегирад.
Домулло Ҳикматуллоҳ илми худро назди Мавлавии Ҳиндустонӣ комил мегардонад ва китобҳои "Тафсири Ҷалолайн", "Тафсири Байзовӣ", "Саҳеҳи Бухорӣ", "Саҳеҳи Муслим", "Мишкоту-л-масобеҳ", "Мухтасару-л-маъонӣ", "Шамсия бо шарҳи Қутбӣ" ва "Сулламу-л-улумӣ ва таҳзиб бо Шарҳи Абдуллоҳи Яздӣ", "Ҳикмату-л-айн", "Қонунча фи–т-тиб", "Китоби Уқлидус", "Хулосату-л-ҳисоб", "Унвону-л-баён", "Адабу-д-дунё ва –д-дин", "Мақомоти Замахшарӣ", "Мақомоти ҳарирӣ", "Гулистон", "Бўстон", "Шабистон", "Ахлоқи Ҷалолӣ", "Чаҳор унсур", "Қасоиди фуюз" ва дигар рисолаҳои илмиро аз худ мекунад.
Домулло Хикматулло Тоджикободи и Эмомали Рахмон
Соли 1964 Домулло Ҳикматулло бо тавсияи устодаш Мавлавии Ҳиндустонӣ ба ноҳияи Ҷомӣ меравад, то пас аз дарёфти "илми зоҳир" назди Эшони Абдурраҳмонҷон (яке аз донишмандони сӯфимашраби даврони шўравӣ) аз "илми ботин" низ бархурдор гардад.
Дар ин бора Домулло Ҳикматуллоҳ мегӯяд: "Ҳазрати Мавлавӣ фармуданд, баъд аз дарёфти улуми зоҳирӣ ба улуми маънавӣ бояд пардозӣ ва ба ҳузури саросар нур Ҳазрати Эшони Абдураҳмон ибни Эшони Порсохоҷа рафта, адаби хидмат ба ҷой орӣ. Муддате ба хидмат мерафтем ва баракати сӯҳбат дарёфтем ва ба дуои хайр ва баракату назри покон ноил гардидем".
Домулло Хикматулло Тоджикободи
Аз таълифоти Домулло Ҳикматуллоҳ метавон асарҳои зеринро ном бурд: "Изохату-ш-шубҳа ан даови-ш-ширк ва-л-бидъа", "Файзи зиёрат бо ёди Пайғамбар салаллоҳу алайҳи ва саллам", "Хақиқати баён дар баёни хақиқати Нӯъмон", "Асъофу-л-аҳноф фи-л-хаҷҷи ва–л-иътимор бимашраби-л-аслоф", "Пандномаи ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадҷон ал-Қорӣ алайҳи раҳмату-л-борӣ", "Сайри ибрат дар аҳди гул", "Ҷавшани амон аз даврони шамшери буррон", "Ашъори Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ" ва "Ақидаи салима". Шоҳасари пурмазмуни Мавлавӣ Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳи Қаротегинӣ "Ҷавшани амон аз даврони шамшери буррон".
Ин асарҳо аз яке беҳтарин офаридаҳои мазҳаби ҳанафия ба шумор меравад.

Дар ҳаққи президент дуо кунед

Ин рӯҳонии саршинос, ки яке аз чеҳраҳои барҷастаи исломи суннатӣ дар Тоҷикистон эътироф мешуд, ҳамчунин дар миёни раҳбарони сиёии Тоҷикистон эҳтиром махсусе дошт.
Аз ҷумла ӯ борҳо мардумро барои дастгирӣ аз ҳукумат ва сиёсатҳои раисҷумҳур даъват карда буд. Ӯ чанд сол пеш аз мардум хоста буд, дар охири ҳар намоз дар ҳаққи президент дуо кунанд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ҳангоми сафарҳояш ба минтақаи Рашт ба дидани ин олими дин мерафт.
"Баъди ифтор, дар рӯзи аввали Рамазон": домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ даргузашт
Ҳикматуллоҳи Тоҷикибодиро ҳамчунин яке аз пешвоёни тариқати нақшбандияи тасаввуф дар Тоҷикистон медонистанд.
Ба эътирофи чеҳраҳои маъруфи динӣ Домулло Ҳикматуллоҳ яке аз панҷ рӯҳоние буд, ки аз Эшони Абдураҳмонҷони Файзободӣ рӯҳонии пурнуфузи тоҷик дар замони Шӯравӣ "хати иршод" дарёфта буд, ки дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон ба симати пирони тариқати Нақшбандия фаъолият мекарданд.
Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ шаби 13 апрел дар пайи бемории тӯлонӣ дар зодгоҳаш деҳкадаи Ғилмон даргузашт.