ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, ки бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорад, аз ноҳияи Қубодиён дидан намуд.
Бар хабари агентии Ховар, дар ноҳияи мазкур сарвазири кишвар корхонаи истеҳсоли яхмосро ифтитоҳ кард. Ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бахтиёр Раҳмон сохта шуда буд.
Гуфта мешавад, корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли яхмос моҳи март анҷом ёфт ва он ҳамчун иншооти ҷашнӣ ба ҳисоб меравад.
Соҳибкор Раҳмон моҳи сентябри соли 2020 ба сохтмони ин корхона шурӯъ намуда, дар кори он 10 сокини маҳаллӣ ҷалб карда шуданд. Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи мазкур, 20 нафар аз сокинони ин ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Манбаъ меафзояд, корхонаи истеҳсоли яхмоси "Мавсимӣ" дар як моҳ имкони истеҳсол кардани то 45 тонна яхмос дорад. Ҳоло дар ин корхона 38 намуд яхмос истеҳсол ва дар бозору мағозаҳои ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав ба фурӯш бароварда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки сафари Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон ҳамоно идома дорад.