ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Алия Қурбоналиева, хонандаи синфи дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5, пирӯзи озмуни байналмилалии адабӣ – бадеӣ, "Литературное творчество" шудааст.
Озмуни байналмилалии адабӣ-бадеӣ бахшида ба 115-солагии шоири кӯдаконаи рус Агния Барто бургузор шудааст.
Тавре ҳукумати шаҳри Норак дар сомонааш хабар додааст, дар озмуни байналмилалии "Литературное творчество" беш аз 300 довталаб аз даҳҳо давлати дунё иштирок кардаанд.
Алия Қурбоналиева дар ин озмун, сазовори ҷойи аввал ва соҳиби диплому роҳхат ба истироҳатгоҳи тобистонаи "Артек" гардид.
Ҳукумати Норак афзуд, ки ба ин муносибат раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод низ ба табрики Алия омадааст.
Дилшод Асозода, дар баробари қадрдонӣ аз Қурбоналиева Алия барои дастовардаш, директори муассисаи таълимӣ, омӯзгори дарсдиҳанда ва падару модари хонандаро бо сипосномаю туҳфаҳо қадрдонӣ намудаст.