"Шаппотӣ аз лейтинанти атласпӯш": ҳазли корбарон ба миллипӯш кардани занони ВКД

Корбарони Facebook пешниҳоди аз атласу адрас омода кардани либоси идонаи занони милисаро арзёбӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Дар Тоҷикистон пӯшоки нави идона аз матои атласу адрас барои кормандони занони милиса муаррифӣ шуд.
Фаъолони шабакаи иҷтимоии Facebook мегӯянд, дар фасли тобистон ба бар кардани либос аз матои атласу адрас барои бонувони ВКД душвор мешавад, вале зебогии ин матоъ метавонад боиси коҳиши ҷинояткорӣ ва нақзи қонунҳо шавад.

Матоъ - мувофиқ нест

Гурӯҳе аз корбарон мегӯянд, кору фаъолияти милисаҳои зан чобукию ҷасуриро талаб мекунад ва матое, ҳам, ки аз он бояд либос дӯхта шавад бояд роҳат бошад. Онҳо бо дарки обу ҳавои Тоҷикистон мегӯянд, ҳатто гузашти низомӣ барои бонувон бо ин матоъ душвор мешавад.
"Либос бояд бисёр хизмат кунад, атласу адрас тез нобуд мешаванд. Ин либосҳо, либосҳои идона аст на ин ки низомӣ", - навиштааст Ниссо Очилова.
Ба ҳамин маъно корбари дигар Баҳодур Раззоқов навиштааст, ки "ин материал барои фасли тобистон чандон мувофиқ нест, ба бонувони милиса мушкил нашавад".
"Тарроҳон якбор парад мегузаштан бо ҳамин атлас баъд медонистанд, ки чӣ пешниҳод кунанд?", - навиштааст Фотимаи Абдулло.

Ду пешниҳод

Корбари дигар пешниҳоди аз атласу адрас дӯхта шудани либоси идонаи занони милисаро дастгирӣ карда, ҳатто барои такмили он ва роҳаттар буданаш пешниҳоди хубе ҳам кардааст.
"Ками дигар тағйирот мехоҳад. Аз ягон матои дигар омода мешуд ва каме аз ин атлас илова мекарданд, хуб мешуд", - пешниҳод кардааст, Даврон Ҳайдарзода.
Як пешниҳоди дигар ҳам аз ҷониби корбар - Саид Зоиров садо додааст, вале он на танҳо ба пӯшоки бонувони милиса, балки ба низоми даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дахл дорад.
""Беҳтарин, олӣ! Хуб мешуд дар қатори ҷавонписарон, ҷавондухтарон низ бо ин тарҳи либос ба сафи Қувваҳои мусалаҳ даьват мешуданд", - навиштааст ӯ.

Ҳазли корбарон

Дар баробари пешниҳодҳо барои такмили пӯшоки занона милиса, корбарони дигар ин намуди либосро сабаби коҳиш ёфтану таслим шудани худи ҷинояткорон "медонанд".
Онҳо мегӯянд чун зебогӣ - қувваи бузург аст, миллипӯш шудани бонувони милиса ҳам метавонад ба нафъи кор бошад.
"Баъдан шапотӣ хӯрдан аз лейтинантҳои атласпӯши танноз ифтихор мешавад", - навиштааст шӯхиомез Иршод Сулаймонӣ.
Ҳазли Сулаймониро дастгирӣ карда корбари дигар - Порсо менависад, ки "хуб аст, либоси миллиро дастгирӣ бояд кард. Ҳатто агар дар вақти машқҳои ҳарбӣ ё ҷанг дар байни дарахтон ё зери буттаву алаф пинҳон шавад, душман намёбад!".
"Дузд ё ҷинояткор худаш таслим мешавад мегӯяд, мурам дар дасти атласпӯш мурам", - шӯхӣ кардааст, Салоҳиддин Алиев.
Атласу адрас: рӯнамоии либоси нави занони милиса дар Тоҷикистон
Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон пӯшоки нави идона ва саҳроӣ барои кормандони занони милиса муаррифӣ шуд.
Пироҳанҳо аз атлас ва адрас бо услуби миллӣ ва урупоӣ сохта шудаанд.
Намуди пироҳанҳоро тарроҳони вилояти Суғд таҳия кардаанд.
Либоси саҳроӣ барои кормандони полис дар шакли камуфляж дӯхта шудааст.
Ин либосҳо зимни ифтитоҳи Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ дар Гулистон ба президент Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуданд.
Дар сурати тасдиқ шудан аз ҷониби раисиҷумҳур, занони милиса ин пироҳанҳоро рӯзҳои ид ба бар хоҳанд кард.