Оғози сафари кории Қоҳир Расулзода ба Хатлон: нахуст ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рафт

Коҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон имрӯз бо як сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Аз ҳукумати вилоят ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, нахуст Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дидан кардааст.
Ба иттилои манбаъ, сарвазири кишвар дар Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.
Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: ифтитоҳи чаҳор иншооти муҳим
Манбаъ мегӯяд, масоҳати умумии бино аз 0,22 га иборат буда, аз 2 ошёна бо таҳхона​ ва аз 18 утоқҳои корӣ, ​ 1- адад толори хурд барои баргузории маҷлисҳо сохта шудааст.
Гирду атрофи бинои мазкур чароғон ва ободу зебо гардонида шуда, гулу буттаҳо ва ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудааст, афзудааст манбаъ.

"Сафари кории сарвазири мамлакат пас аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ноҳияи Қубодиён ва Шаҳритус идома хоҳад кард".

Манбаъ гуфт, сарвазир рафти омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти даватии Тоҷикистонро назорат карда, ҳамзамон ҷанд иншооти дигарро низ ифтитоҳ хоҳад кард.