Оғози моҳи шарифи Рамазон дар шароити пандемия - акс

Сар аз 13 апрел дар ҷаҳони Ислом моҳи шарифи Рамазон фаро расид ва акнун аксар мусалмонони ҷаҳон рӯза мегиранду худро руҳан ва ботинан пок мекуннад
Sputnik
1 / 13

Аз бозе, ки пандемияи коронавирус ҳамоно идома дорад, баргузории намоз дар масоҷид ҳатман бо риояи чораҳои беҳдоштӣ сурат мегирад

2 / 13

Дар ин моҳи муборак, мусалмонон дар баробари доштани рӯза, вақти худро бештар ба намозу хондани Қуръон масраф мекунанд

3 / 13

Гузоштани намози дастаҷамъона дар ин моҳ савоби бештар дорад

4 / 13

Аз ин рӯ, масоҷид дар тамоми кишварҳо маъмулан дар ин моҳ пур аз намозгузорон аст

5 / 13

Аммо ба ҷо овардани намози ҷомеъ ҳатман бо риоя кардани чораҳои беҳдоштӣ сурат мегирад

6 / 13

Аснои намоз хондан, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва ҳамчунин пӯшидани ниқоб аз шартҳои асосӣ гуфта мешаванд

7 / 13

Зимнан, фаро расидани моҳи Рамазон дар кишварҳои Халиҷи Форс ба таъхир афтод

8 / 13

Зеро, баромадани моҳтоб мушоҳида нашуд ва аз ин рӯ, Додгоҳи олӣ дар Арабистони Саудӣ эълон карда буд, ки бегоҳи рӯзи 12 апрел, боз як бори дигар масъалаи оғози моҳи муборакро баррасӣ мекунанд

9 / 13

Аксар кишварҳои арабӣ дар ин масъала мавқеи Арабистони Саудиро пайгирӣ мекунанд

10 / 13

Омодагиҳо ба моҳи мубораки Рамазон дар Ироқ

11 / 13

Намозхонии занони мусалмон дар масҷид дар нахустин рӯзи моҳи мубораки Маскав

12 / 13

Шаби моҳи Рамазон дар шаҳри Дубай

13 / 13

Намози дастаҷамъона дар шаби моҳи Рамазон