ДУШАНБЕ, 13 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Маҷлиси миллӣ, аъзои ин палата метавонанд, 15 апрели соли 2021 аз соати 08-00 то соати 17-00 ва 16 апрели соли 2021 аз соати 07-00 то 10-00 дар шуъбаи ташкилии дастгоҳ ба қайд гирифта шаванд.
Ҷаласа 16 апрели соли 2021 соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки дар ин ҷаласа аъзои палатаи болоии парлумон тағйири ҷойномҳою иваз кардани ҳудуди маъмурии ноҳияҳои шаҳри Душанберо баррасӣ намоянд.
Вақтҳои охир дар Тоҷикистон маъракаи тағйири бархе ҷойномҳо роҳандозӣ шудааст, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар идома дорад. Бар асоси қонунгузории кишвар, номҳои маҳаллаҳою ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ бо қарори Ҳукумат ва тасдиқи Маҷлиси миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Инчунин дар ҷаласа масъалаҳои тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.
Дар баробари ин аъзои Маҷлис қонунҳои Тоҷикистон дар бораи мақомоти адлия, дар бораи Академияи миллии илмҳо, иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи судҳоро баррасӣ хоҳанд кард.
Тағйири қонун дар бораи судҳо дар доираи ислоҳоти низоми додгоҳӣ роҳандозӣ шуда, алайҳи фасодкорӣ равона шудааст.
Бар асоси тағйирот, ки аъзои Маҷлиси миллӣ баррасӣ хоҳанд кард, ба қонун муқаррарот дар бораи пешниҳоди эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкии судя илова карда мешавад.