ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Омбудсмен оид ба ҳуқуқи инсон дар Русия Татяна Москалкова пешниҳод кард, ки бидуни иҷозатномаи иқомати муваққатӣ барои хориҷиёне, ки дар кишвар аз пандемияи коронавирус дармондаанд, иҷозатномаи истиқомат дода шавад.
"Ман инчунин пешниҳоди худро пешкаш мекардам, то он шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба қаламрави Русия ба таври қонунӣ ворид шудаанд, аммо ба сабаби пандемия баромада натавонанд ва дар тӯли зиёда аз як сол ба Русия омадаанд, фавран бидуни иҷозатномаи иқомати муваққатӣ (РВП) иҷозатномаи истиқомат (вид на жительство) дода шавад", - иқтибос аз суханони ӯро ТАСС овардааст.
Вай таҳияи лоиҳаи қонунеро дастгирӣ кард, ки ба муҳоҷирон имкон медиҳад, сарфи назар аз қонуншиканиҳои мавҷуда, иқомати худро дар кишвар қонунӣ кунанд.
Ин ташаббусро вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев пешниҳод кардааст.
Асосан, ин ба вазъи он муҳоҷирон, ки ҳангоми пандемияи коронавирус натавонистанд сари вақт ҳуҷҷатҳо барои будубоши худро дар Русия барои қонунӣ кардан ҷамъоварӣ намоянд, рабт дорад.