ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Бино ба шаҳодати сокинон ва ҳам як наворе, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, бомбаи пайдошуда дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат аз сӯи мақомоти зидахл инфиҷор дода шудааст.
“Ба хотири инфиҷори ин бомба аҳолии деҳаи Шифо, собиқ Калтучи ҷамоати Ромит ва ҳам бошандагони истироҳатгоҳи собиқадорону маъюбони мутааллиқ ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба истироҳатгоҳи Зайрон ва деҳоти атроф интиқол дода шуданд. Раванди инфиҷор бештар аз се соат идома ёфта, ба манозили мардум зиён нарасид. Ҳамааш ба хайр анҷом ёфт”, - гуфт яке аз сокинон.
Қаблан манобеъи Sputnik Тоҷикистон хабар дода буданд, ки бачаҳои деҳаи Шифо ҳангоми бозӣ як оҳани ғалатиро кашф карданд ва баъдтар аз сӯи кормандони милиса маълум шуд, ки он бомбаи инфиҷорнашуда аз даврони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990 – и асри гузашта аст.
Бино ба тахминҳо, он аз навъи бомбаҳои авиатсонии фугасӣ – ФАБ-250ТС ё ФАБ-250ТС буда, аз 260 то 500 килограмм вазн дорад. Аммо манобеъи мо мегӯянд, минакобҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон онро аслан берун наоварда, инфиҷор додаанд.
“Фақат атрофашро бо чандин тон рег пӯшонда, онро инфиҷор доданд. Бо ин вуҷуд, инфиҷор муҳиб буд, аммо зиёни молӣ дар пай надошт”, - гуфтанд онҳо.
Дараи Ромит дар замони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз маҳалҳои даргирии ҳукумати Тоҷикистон бо мухолифони исломиаш буд. Ба гуфтаи шоҳидон, ин соҳа моҳҳои декабри соли 1992 ва январи соли 1993 чанд маротиба мавриди бомбаборон қарор гирифта буд.