Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Афзоиши маргу мир аз COVID - 19 давоми 7 ҳафтаи охир дар ҷаҳон

СҶБ мегӯяд, дар саросари ҷаҳон ҳолатҳои сироятёбӣ ва сатҳи маргу мир дар ҳоли афзоиш аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Ҳафт ҳафта мешавад, ки ҳолатҳои сироятёбӣ бо COVID-19 ва сатҳи маргу мир ба асари вирус афзоиш меёбанд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз қавли директори генералии созмон Тедрос Адханом Гебрейесус хабар медиҳад.
"Дар моҳҳои январ ва феврал шаш ҳафта пай дар пай дар саросари ҷаҳон коҳиши ҳолатҳои гирифторшавӣ бо COVID-19 сабт мешуд. Ҳоло ҳафтаи ҳафтум аст, ки пай дар пай шумораи сироятёбиҳо ва чор ҳафта боз теъдоди маргу мир афзоиш меёбад", — гуфт ӯ.
Директори генералии СҶБ таъкид кард, ки COVID-19 зукоми маъмулӣ нест, мутахассисон ҳанӯз таъсири дарозмуддати вирусро ба бадани инсон намедонанд ва бинобар ин риояи чораҳои эҳтиётӣ бояд идома дода шавад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Малишева гуфт, истеъмоли кадом ғизо пас аз ваксингирӣ ба саломатӣ хатар дорад
Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон аз миёнаҳои моҳи январ ба ин сӯ ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Афзоиши шумори мубталоён ба вируси корона дар Арабистони Саудӣ
Дар баробари ин раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ммардум набояд фориғбол шаванд ва қоидаҳои беҳдоштиро чун дар давраи ҳамагирӣ риоя намоянд.