Расо 60 сол аз аввалин парвози одам ба кайҳон сипарӣ шуд, ки он рӯзи 12 апрели соли 1961 сурат гирифта буд.
Ва инак бо гузашти 60 сол, ҳамасола рӯзи 12 апрел дар ҷаҳон аз Рӯзи ҷаҳонии авиатсия ва кайҳоннавардӣ ҷашн гирифта мешавад.
Нахустин кайҳоннаварде, ки ба мадор баромад Юрий Гагарин буд. Ӯ дар ин рӯз бо кишти кайҳонии "Восток" Заминро як давр зад. Қабл аз парвоз Гагарин "рафтем" хитоб намуда буд.
Пас азаз анҷоми як даври парвоз дар фазои Замин таҷҳизоти фурудоии кишти кайҳонӣ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ба замин баргашт. Дар баландии чанд километр аз Замин кайҳоннавард худро аз таҷҳизоти фурудоӣ берун овард ва бо чатр дар қаламрави вилояти Саратов фуруд омад.
Дар солҳои баъд аз парвози нахустини кайҳонии Юрий Гагарин беш аз 500 нафар аз ҳудуди 40 кишвари ҷаҳон ба кайҳон парвоз кардаанд.
Шашуми августи соли 1961 киштии кайҳонии "Восток 2" бо кайҳоннавард Герман Титов парвоз кард. Парвози вай беш аз як шабонарӯз давом дошт. 11 ва 12 августи соли 1962 тавассути киштиҳои "Восток 3" ва "Восток 4" Андриян Николаев ва Павел Попович ва 16 июни соли 1963 нахустин зани кайҳоннавард Валентина Терешкова парвоз карданд.