ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Нигина Амонқулова, аз ситораҳои номдори мусиқии попи тоҷик ҳамроҳ бо Аброр Назаров, овозхони шинохта ва фарзанди ҳунарманди варзида Далер Назаров маҳсули эҷодашонро пешкаши ҳаводорон гардониданд
Тарона ва намоҳанги нави Нигина ва Аброр таҳти унвони "Дар оғӯши мани" рӯзи гузашта дар пойгоҳи "Muminov tv music 2" дар You Tube нашр шуда, онро тамошобинон хуш истиқбол кардаанд.
Тарона зери танзиму назорат ва роҳбарии ҳунарманди номовари тоҷик Далер Назаров сурат гирифта, оҳанги онро худи Аброр Назаров омода кардааст.
Дар сабту омодасозии ин шоҳкорӣ ҳамзамон Таҳмина Рамазонова, роҳбари гурҳи "Авеста" саҳм гирифтааст.
Матни тарона навиштаи шоири муваффақ Ҳоруни Роун гуфта мешавад.
Тамошобинон бо истиқбол аз ин ҳамкории Нигина Амонқулова бо оилаи Назаровҳо гуфтаанд, натиҷаи он шоҳкориҳои зебое хоҳад буд.