Меркел аз мақомаш меравад: садри аъзами нави Олмон кӣ мешавад?

Ангела Меркел эълон кард, ки вай бори охир дар як чорабинии оммавӣ ба ҳайси садри аъзами Олмон суханронӣ дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апрел - Sputnik. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар ифтитоҳи як намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ дар шаҳри Ганновер эълон кард, ки ин охирин суханронии ӯ ҳамчун садри аъзами Олмон аст.
Ёдрас мешавем, ки Ангела Меркел ин вазифаро аз охири моҳи ноябри соли 2005 ба ин сӯ иҷро мекунад.
Қаблан, раҳбари Иттиҳодияи масеҳии иҷтимоии Олмон Маркус Седер Эълон кард, ки тасмим гирифтааст номзадиашро ба вазифаи садри аъзами Олмон пешбарӣ намояд.
Ӯ метавонист рӯйхати номзадҳои консервативҳои Олмонро дар интихоботи моҳи сентябр дар Бундестаг сарварӣ кунад.
Ангела Меркел саҳнаи сиёсатро тарк мекунад
Ҳоло дар кишвар номзади ду ҳизб баррасӣ мешавад: Зёдер ё раиси Иттиҳодияи масеҳиҳо-демократҳо Армин Лашет.
Дар мусоҳиба бо Взгляд, Коршиноси олмонӣ Александр Рар қайд кард, ки агар Зёдер ба вазифаи садри аъзами Олмон, интихоб шавад, ӯ метавонад тақрибан 16 сол дар вазифа бимонад.
Ҳамзамон, ҳарду номзад роҳи Меркелро идома хоҳанд дод.
"Онҳо прагматист ҳастанд, бо онҳо муносибатҳо бо Маскав бадтар намешаванд ва шояд дар баъзе ҳолатҳо ба эътидол медароянд", - таъкид кард Рар.
Ба гуфтаи ӯ, Лашет дар бораи “Маҷрои Шимолӣ-2” ва дар бораи ҳамкорӣ бо Русия дар бисёри соҳаҳо мусбат сухан мегуфт. Дар навбати худ, Зёдер ба наздикӣ ба Кремл ташриф овард ва нияти харидани ваксинаи коронавируси “Спутник V”-и Русияро изҳор кард.
Интихоботи Бундестаг 26 сентябри соли 2021 баргузор мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои онҳо, кобинаи вазирон ва садри аъзами кишвар муайян карда мешавад.