Атласу адрас: рӯнамоии либоси нави занони милиса дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон барои занони милиса аз адрасу атлас либос медӯзанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон пӯшоки нави идона ва саҳроӣ барои кормандони занони милиса муаррифӣ шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Тибқи иттлиои манбаъ, пироҳанҳо аз атлас ва адрас бо услуби миллӣ ва урупоӣ сохта шудаанд.
Либоси идонаи низомӣ ва саҳроии миллии занонаи корманди милитсия
Намуди пироҳанҳоро тарроҳони вилояти Суғд таҳия кардаанд.
Қайд карда мешавад, ки либоси саҳроӣ барои кормандони полис дар шакли камуфляж дӯхта шудааст.
Либоси идонаи низомӣ ва саҳроии миллии занонаи корманди милитсия
Вазорат афзудааст, ки ин либосҳо зимни ифтитоҳи Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ дар Гулистон ба президент Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуданд.
Либоси идонаи низомӣ ва саҳроии миллии занонаи корманди милитсия
Дар сурати тасдиқ шудан аз ҷониби раисиҷумҳур, занони милиса ин пироҳанҳоро рӯзҳои ид ба бар хоҳанд кард.