ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати саноати Тоҷикистон, намояндагони ҶДММ “Парки саноатӣ-кимиёвии Сумгаит” дар ҳамоиши кории роҳбарият ва сохторҳои дахлдори Вазорат иштирок намуданд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар дастгоҳи марказии Вазорат, вохӯрии вакилони халқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон вобаста ба Қонуни Озарбойҷон дар бораи паркҳои технологӣ ва таҷрибаи ташкил намудани онҳо баргузор гардида, доир ба он ибрози назар карда шуд.
Ҳамзамон, дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вохӯрии муовини якуми раиси Кумитаи мазкур – Шараф Шерализода бо намояндагони ҶДММ “Парки саноатӣ-кимиёвии Сумгаит”-и Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.
“вобаста ба имтиёзҳои мавҷуда барои корхонаҳои саноатӣ, хусусан дар паркҳои саноатӣ ва сармоягузорони хориҷию ватанӣ, сӯҳбати самарабахш ба анҷом расонида шуд”, - иттилоъ додааст Вазорати саноат.