ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Хусрав Нозирӣ, муовини якуми вазири умури хориҷии Тоҷикистон зарурати тағйири қонунро ба “манфиатҳои миллӣ ва созгор намудани санади зикршуда бо қонунҳои кишвар” рабт дод.
Ӯ тавзеҳ дод, ки тибқи конвенсияҳои Вена дар бораи робитаҳои дипломатию консулӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалие, ки мақоми дипломатӣ доранд, аз масунияту имтиёзҳо бархӯрдор буда, дар кишвари пазиранда аккредитатсия мешаванд.
Бар асоси асоси қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” аз 25 апрели соли 2007 ҳайати шахсии созмонҳои ҷамъиятӣ (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматӣ) - и кишварҳои хориҷӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ аккредитатсия мешаванд, навиштаст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли ноиби аввали вазири хориҷӣ.
Ин дар ҳолест, ки конвенсияҳои Вена дар мавриди созмонҳои ҷамъиятӣ (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматӣ)-и кишварҳои хориҷӣ татбиқ намешавад. Аз ин рӯ, ҳайати шахсии ин гуна созмонҳо дар Вазорати корҳои хориҷӣ на аккредитатсия, балки ба қайд гирифта мешаванд.
Вазорати корҳои хориҷӣ даровардани тағйироту иловаҳои дахлдорро ба қонунҳои амалкунандаи кишвар бобати ба қайд гирифтани кормандони созмонҳои ҷамъиятӣ, ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии кишварҳои хориҷӣ ва ба қайд гирифтани намояндагиву филиалҳои он созмонҳоро дар Тоҷикистон амри лозим мешуморад, таъкид намуд Нозирӣ.