Рӯзи 11 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1832 Дар Русия унвони "Шаҳрвандии фахрии Россия" таъсис ёфт.
Соли 1919 Ташкилоти ҷаҳонии меҳнат таъсис дода шуд.
Соли 1927 дар Беларус Конститутсия қабул карда шудааст.
Рӯзи 11 апрел дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2001 дар Душанбе бар асари амали террористӣ муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ Ҳабиб Сангинов ба ҳалокат расид.
Соли 2011 Тоҷикистон ва САҲА дар бахши рушд ва ислоҳоти милитсияи тоҷик Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
Соли 2013 дар Белгия масоили ҳамкории Тоҷикистон дар соҳаи энергетика бо Дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснак ва Форуми "Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон" муфассал баррасӣ шуд.
Соли 2017 Президенти Тоҷикистон дар бораи таъини писараш Рустами Эмомалӣ ба мансаби раиси шаҳри Душанбе фармон ба имзо расонид.
Соли 2017 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 5 сафири нав эътимоднома қабул намуд.
Соли 2017 бори нахуст баъд аз 25 соли таваққуф ҳавопаймои "Airbus A320", мутааллиқ ба ширкати ҳавонавардии Ӯзбекистон "Ozbekiston havo yollari" бо 29 мусофир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад.
Соли 2017 дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид хонум Пратибҳа Меҳтаро ба ҳузур пазируфт.
Ҷашнҳои рӯзи 11 апрел
Рӯзи ҷаҳонии озоднамоии маҳбусони лагерҳои фашистӣ.
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории Паркинсон.
Рӯзи 11 апрел дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1931 – журналист Гулназар Хушназаров.
Соли 1955 – овозхони эстрада, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Махфират Ҳамроқулова.