Тақдими китоби "Тоҷикон" ба 3000 хонаводаи ноҳияи Сангвор

Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апрел - Sputnik. Корвони китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ба ноҳияи Сангвор расид.
Ин туҳфаи гаронарзиш, ки ба баланд бардоштани хештаншиносӣ ва ҳувияти миллии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон равона гардидааст, бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳ ба 3000 оилаи ҷамоатҳои деҳоти Сангвор расонида шуд.
Русия ба мактабҳои Тоҷикистон 4,5 ҳазор китоб тақдим кард
Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Сангвор Шодӣ Раҳмонов иттилоъ дод.
Қабули туҳфаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияро рӯҳбаланд гардонид ва онҳо иброз доштанд, ки “фарзандони мо ва насли наврас дар натиҷаи хондани ин китоб аз таърихи гузаштагони худ огоҳ гардида, бо меҳри ватандӯстонаю меҳанпарастона оянда дар рушди Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд”, - менависад АМИТ "Ховар".
Ёдовар мешавем, ки нашри китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров соли равон сурат гирифт.
Дар назар аст, ки то ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз номи Ппрезидент ин китоб бояд ба ҳар сокини кишвар тақдим карда шавад.
Дар кӯчаҳои Душанбе китобхонаҳо пайдо мешаванд
Ногуфта намонад, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон солҳои охир дар сафарҳои кории худ аз замин ва манзилҳои деҳқонон боздид мекунад ва ба ҳар хонаводае китобҳо туҳфа менамояд.
Тақдими 4 ҳазор китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ба сокинони Мурғоб