ДУШАНБЕ, 10 апрел - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро барои дастгирии соҳибкорон вазифадор кард, менависад котиботи раисиҷумҳур.
Президент масъулинро вазифадор кард, ки ташаббусҳои соҳибкоронро ҷиҳати бунёди корхонаҳои парандапарварӣ ва моҳипарварӣ минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.
Масъалаи ташкил ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ омили муҳимми ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ гуфта шуд.
Соли 2020 дар ин самт дар вилоят беш аз 47 ҳазор ҷойи нави кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шудааст.
Дар ин росто, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бо роҳи бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, дастгириву ҳавасманд намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин, пардохти саривақтии музди меҳнат тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар кори машварат ҳамчунин баъзе масъалаҳои муҳими вобаста ба риояи қонуният, интизоми молиявӣ ва хизматӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро таҳлил карда, барои пешгирии ҷиноят ва қонуншиканиҳо дар ин самт роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои ислоҳи онҳо вазифадор кард.