ДУШАНБЕ, 10 апрел - Sputnik. Дар Туркия садамаи бузурги нақлиётӣ бо ширкати сайёҳон русиягӣ рух дод, менависад РИА Новости бо истинод ба маълумоти сафорати Русия.
Ҳодиса тақрибан соати 9:30 ба вақти маҳаллӣ, вақте ки сайёҳон, ки дар Анталия истироҳат мекарданд, ба Каппадокия сафар мекарданд ба вуқӯъ пайваст.
Фоҷиа дар шоҳроҳи Коня-Аксарай рух додааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, ронандаи автобус аз уҳдаи идораи мошин набаромада ба тарафи роҳи яхбаста лағжидааст.
Дар маҷмӯъ, дар дохили автобус 32 нафар буданд, ки ҳамаи онҳо сайёҳони русиягӣ буданд.
Дар ин садама 26 нафар маҷрӯҳ шуданду як зан ҷони худро аз даст дод.
Шаҳрвандони Русия дар Туркия бо ширкати туристии "Пегас туристик" истироҳат мекарданд. Ҳама қурбониёни садамаи роҳ ба муассисаҳои тиббии шаҳракҳои наздики Коня ва Селчук интиқол дода шудаанд.
Ба ҷабрдидаҳо ёрии зарурии тиббӣ расонида мешавад. Намояндагони сафорати Русия ба маҳалли садама ҳозир шудаанд.