Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Сабти 8704 ҳолати нави сирояти коронавирус дар Русия

Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апрел - Sputnik. Дар як рӯзи охир дар Русия 8704 ҳолати нави COVID-19 муайян карда шуд. Дар ин бора ситоди фаврӣ оида ба мубориза алайҳи паҳншавии коронавирус ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Рӯзе пеш дар қаламрави Русия - 9150 ҳолат ба қайд гирифта шуда буд.
Ин ба сатҳи моҳи сентябр рост меояд, суръати афзоиш тақрибан 0,2 фоизро ташкил медиҳад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Малишева гуфт, истеъмоли кадом ғизо пас аз ваксингирӣ ба саломатӣ хатар дорад
Ҳамзамон, дар як рӯз 9579 нафар шифо ёфта, 402 қурбони ин вабои аср шуданд.
Беморон дар 83 минтақаи Русия ба қайд гирифта шудаанд, дар Округи Автономии Ненетс ва Чукотка афзоиш дида намешавад. Аксари ҳолатҳо дар Маскав (2006, як рӯз пеш 2421 нафар), Санкт-Петербург (699) ва вилояти Маскав (587) ба қайд гирифта шуд.
Шумораи умумии гирифторони вируси корона аз аввали ҳамагирӣ то кунун дар Русия ба 4 632 688 нафар расид. 4.258.279 беморон шифо ёфтанду 102.649 тан, ҷони худро аз даст доданд.
Дар саросари ҷаҳон, тибқи маълумоти охири СҶБ, 133,5 миллион нафар ба бемории вируси корона сироят шудааст.
Эҳтимоли қатъ шудани парвозҳо миёни Русия ва Туркия
Аз рӯи ҳисобҳои Донишгоҳи Ҷон Хопкинс шумораи онҳо аллакай аз 134,7 миллион гузаштааст. Зиёда аз 2,9 миллион нафар одамон наҷот ёфта натавонистанд.
Аз ҳама бештар вируси корона дар ИМА, Бразилия, Ҳиндустон ва Фаронса ба қайд гирифта шудааст. Русия дар ин рӯйхат мақоми панҷумро гирифта аз Бритониёи Кабир, Италия, Туркия, Испания ва Олмон пеш гузаштааст.