Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон

Нархҳои ҷаҳонии озуқаворӣ моҳи даҳум аст, ки боло мераванд - гузориши СММ

Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Моҳи март болоравии навбатии нархҳои ҷаҳонии хӯрокворӣ ба қайд гирифта шуд, ки моҳи даҳум аст, идома дорад.
Дар ин бора дар гузориши Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) нашршуда, иттилоъ дода шудааст.
Моҳи март арзиши миёнаи индекси нархҳои Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ аст, ки тағирёбии нархҳои ҷаҳонии маҳсулоти маъмултаринро ҳар моҳ пайгирӣ мекунад, 118,5 бандро ташкил дод, ки ин баландтарин арзиши ин шохис аз моҳи июни соли 2014 мебошад.
Афзоиши назаррас дар моҳи март дар нархномаҳои равғани растанӣ ва маҳсулоти ширӣ ба қайд гирифта шуд. Ҳамин тариқ, индекси нархҳои равғани растанӣ дар муқоиса бо моҳи феврал 8% афзоиш ёфт ва ба ҳадди қариб 10-сола расид, гузориш додааст, ташкилот.
Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон
Нархи гӯшт дар вилояти Хатлон ба 60 сомонӣ расид
Индекси нархҳои ширии ФАО нисбат ба моҳи феврал 3,9% боло рафтааст. Афзоиши нархи равған асосан аз ҳисоби каме коҳиш ёфтани пешниҳод дар Аврупо ва афзоиши талабот ба сабаби фаъол шудани корхонаҳои бахши хӯрокворӣ вобаста аст. Дар натиҷаи афзоиши воридот аз кишварҳои Осиё, бахусус Чин, нархи хокаи шир низ баланд шуд.
Ба гуфтаи ин ташкилот нархи миёнаи гӯшт низ нисбат ба моҳи феврал 2,3% баландтар буд. Тибқи иттилои Ташкилоти озуқаворӣ, сабаби асосии баландшавии нархномаҳои гушти парранда ва хук афзоиши воридот аз Чин ва бештаршавии фурӯши дохилӣ дар Аврупо дар арафаи Пасха буд.
Гуфта мешавад, нархи гӯшти гов мӯътадил боқӣ монд, аммо нархи гӯшти гӯсфанд коҳиш ёфт, зеро ҳавои хушк дар Зеландияи Нав кишоварзонро маҷбур кард, ки чорворо фурӯшанд.
Нархи равғани растанӣ дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо воридоти он меафзояд
Дар ҳамин ҳол, индекси нархҳои ғалладонаи дар моҳи март, баръакс, 1,8% коҳиш ёфт, вммо, он ҳанӯз ҳам аз сатҳи моҳи марти соли 2020 26,5% баландтар аст, омадааст дар гузориши ташкилот.
Нархи содироти гандум аз ҳама бештар коҳиш ёфт, ки ба он захираҳои кофӣ ва дурнамои мусоид барои ҳосили соли 2021 сабаб шуд. Нархи ҷуворимакка ва биринҷ низ коҳиш ёфт.
Ин ташкилот гуфтааст, нархи шакар давоми моҳ 4% коҳиш ёфт, ки онро афзоиши назарраси содирот аз Ҳиндустон сабаб шушд.