Эҳтимоли қатъ шудани парвозҳо миёни Русия ва Туркия

Мақомоти Русия эҳтимолан ба далели афзоиши бемории коронавирус дар Туркия парвозҳо бо ин кишварро маҳдуд кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апрел - Sputnik. Рӯзи ҷумъа дар ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо паҳншавии коронавирус дар Русия, ҷаласа баргузор гардид. Дар он тадбирҳои имконпазир дар робита ба афзоиши беморӣ дар Туркия баррасӣ шуданд.
Бино ба гузориши РИА Новости бо истинод ба як манбаъ дар бахши сайёҳӣ, дар ҷаласаи ситод оид ба масъалаи маҳдуд кардани парвозҳо ба Туркия ягон қарор қабул нашудааст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Русия бо як шарт бар коронавирус пирӯз мешавад: кадом?
Аммо, ба гуфти ӯ, ин метавонад рӯзи душанбе - 12 апрел рух диҳад.
"Дар бораи иртиботи ҳавоӣ бо Туркия ҳеҷ тасмиме гирифта нашудааст, онҳо метавонанд рӯзи душанбе гирифта шаванд", - гуфт мусоҳиби оҷонсӣ.
Қаблан РБК хабар дода буд, ки бинобар бад шудани вазъи коронавирус дар Туркия, ситоди мубориза алайҳи коронавирус рӯзи ҷумъа бо намояндагони Агентии Федералии Нақлиёти Ҳаво, Вазорати нақлиёт ва Роспотребнадзор имкони маҳдуд кардани парвозҳо ба ин кишварро баррасӣ мекунад.
Намояндагони бахши сайёҳӣ дар навбати худ барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои иловагӣ омодагӣ мегиранд, ки ба пешгирии воридшавии намудҳои нави коронавирус ба қаламрави Русия мусоидат мекунанд.
Туркия талаботи вуруд барои шаҳрвандони хориҷиро дигар кард
Рӯзи панҷшанбе омори гирифторӣ ба коронавирус дар Туркия бори ҳафтум дар даҳ рӯзи охир рекордӣ шуду ба сироят шудани 55 941 ҳолат дар як шабонарӯз расид.
Қаблан роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова гуфта буд, ки дар Туркия вазъи коронавирус хеле зуд мураккаб мешавад, аксари зотҳои мутатсия аз ин кишвар ба Русия интиқол меёбанд.
Дар Русия шумораи умумии гирифторони коронавирус ба 4.623.984 расидааст.
Тибқи маълумоти 9 апрел, дар як рӯз 9 150 кас гирифтори ин вабои аср шудааст.