ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Бист сокини шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданд.
Бино ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, хонаҳо ба 3 нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 10 кас аз оилаҳои ниёзманд, ятиму маъюб ва 7 нафар мутахассиси ҷавоне, ки дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ангишт” фаъолият менамоянд, тақдим гардид.
"Манзилҳои истиқоматӣ аз ду ва се ҳуҷрагӣ иборат буда, дорои шароити мусоид ва ҷиҳози зарурӣ мебошанд", - навиштааст котиботи президенти Тоҷикистон.
Ин хонаҳо дар доираи сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд тақдим карда шуд.
Дар шаҳраки Шӯроб Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатӣ шинос шуд.