Қазияи куштори Ҳувайдои ғӯрамарг дар Серпухов
Ҳарчанд аз қазияи гӯшношунид тақрибан се сол мегузарад, вале то ҳол гумонбари асосӣ Александр Сёмин ҳукм нагирифтааст

Сёминро ба додгоҳ оварданд ва ба ҳабс гирифтанд

Александр Сёмин, гумонбар дар куштори Ҳувайдо Тиллозодаро баъди 2 солу се моҳи қазия бори нахуст ба толори додгоҳ оварданд ва ба ҳабс гирифтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Имрӯз дар Додгоҳи вилоятии Маскав баррасии парвандаи куштори Ҳувайдо Тиллозода, духтараки 5-солаи тоҷик баррасӣ гардид.
Тавре Абдусалом Саидов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, дар он ду масъалаи асосие, ки ҷониби ҷабрдидаро нигарон мекард, ҳалли худро пайдо намуд.
Яъне Александр Сёмин, гумонбари асосӣ баъди муддати дарози табобат дар беморхонаҳои махсус тайи 2 солу 3 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ҳамчунин парванда дубора ба тафтишот баргардонида шуд.
"Александр Сёмин ба мӯҳлати се моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд ва парванда ба тафтишот баргардонида шуд", - тавзеҳ дод вай.
Ёдрас мешавем, ин бори аввал аст, ки гумонбаршавандаро баъди боздошташ ва интиқолаш ба беморхона ба мурофиаи додгоҳӣ меоранд.
Суд паси дарҳои баста баргузор шудааст.

Чаро тафтиши парванда бозистонда шуд?

5 моҳ пеш, охирҳои моҳи ноябр хабар дода шуд, ки баррасии парвандаи куштори Ҳувайдо Тиллозада бозистонда шуд.
Он вақт, ҳомии ҳуқуқи ҷониби ҷабрдида, ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки чаро дар парванда таваққуф мекунад.
Ба гуфтаи вай, парванда бояд паз аз ду моҳ аз сар гирифта мешуд.
Ба гуфтаи ҷаноби Умаров, муҳокимаи судие, ки рӯзи 20 ноябр дар Додгоҳи вилоятии Маскав баргузор шуд, дар асоси қарори суди ноҳиявии Сичёвски вилояти Смоленск (шаҳре ки Сёмин дар он табобат мегирифт - шарҳ аз идора) баргузор гардида буд.
Сатторзода: то охир пофишорӣ мекунем, то қотили Ҳувайдо ҷазои шадид гирад
Моҳи октябр Суди ноҳиявии Сичёвкси Смоленкс қарор қабул кард, ки Александр Сёмин, гумонбар дар куштори Ҳувайдо аз ҷиҳати равонӣ солим аст ва ба табобат ниёз надорад. То ин замон, Сёмин дар яке аз бемористонҳои табобатии вилояти Смоленск қарор дошт ва ҷониби вай иддао доштанд, ки ӯ бемории равонӣ дорад.
Силсилаи таҷовузи кӯдакон дар Тоҷикистон: сабаб чист, чӣ бояд кард?
"Аз сабаби он ки моҳи октябри соли равон суди ноҳиявии Сичёвски вилояти Смоленск қарор қабул кард, ки Сёмин ба муолиҷаи тиббӣ эҳтиёҷ надорад, мо ҳамин қарорро асос карда, хоҳиш кардем, ки аз нав тафтишот сар шавад, то тафтишоти пурра равад, аммо имрӯз коре шуд, ки тафтишотро боз то як ду моҳи дигар ақиб бурд", - тавзеҳ дод вай.
Ёдрас мешавем, тафтишоти парвандаи куштори Ҳувайдои 5-сола бештар аз ду сол аст, ки идома дорад. Ин духтарак тобистони соли 2018 аз назди хона нападид шуд ва рӯзи дигар ҷасадашро дар борхалта пайдо карданд. Худи ҳамон рӯз Александ Сёмин, ҷавони ҳамсоя ба гумони даст доштан дар ин қазия боздошт шуд.