ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Абдуллоҳи Раҳнамо мегӯяд, табодули қаламравҳо дар ҷараёни таъйини сарҳадҳои давлатӣ падидаи маъмулист.
"Истилоҳи "қитъаҳои баробар" ё "қитъаҳои ба он баробар" на танҳо аз ҷиҳати миқдор ё миқёс маънои онро дорад, ки он на танҳо бо метр ва километр чен карда мешавад, балки арзиши иқлимӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва рамзии ин қитъаҳо низ бояд ба назар гирифта шавад", - тавзеҳ додааст вай дар мусоҳиба бо АМИТ "Ховар".
Сиёсатшинос гуфтааст, ки ҷамоати Ворух бо заминҳои дашту биёбон баробар нест ва қобили муқоиса ҳам нест.
"12,5 ҳазор километри мураббаъ замини Ворух бо арзиши ҷуғрофӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ, ки барои мо дорад, бо 12,5 ҳазор км заминҳои дашту биёбон ҳеҷ гоҳ баробар ва ҳатто қобили муқоиса буда наметавонад.", - таъкид кардааст ӯ.
Коршинос афзудааст, "аз нуқтаи назари миллӣ ва ҳатто стратегӣ Ворух набояд ҳеҷ гоҳ объекти мубодила бошад".
Ёдрас мешавем, ин изҳороти Абдуллоҳи Раҳнамо дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон, раиси КДАМ-и кишвар Қамчибек Тошиев пешниҳод карда буд, ки барои ҳалли масъалаи марзӣ метавон Ворухро ба қитъае Қирғизистон иваз кард.
"Якум, мо бар асоси қонун марзи онро чен мекунем ва он дигар васеъ намешавад. Вале мо аз ҳудуди худ, танҳо барои истифода ба онҷо роҳ боз мекунем, то онҳо битавонанд ворид шаванд. Дувум, мо омодаем Ворухро иваз кунем. Аагр онҳо ҳудуди онро дар ихтиёри мо бигузоранд, ки 12 ҳазор ҳектор аст, мо ҳам омодаем 12 ҳазор гектарро дар ноҳияҳои дигари вилояти Бодканд бидиҳем. Мо ҳатто рӯйхати ин мавзеъҳоро додем", - гуфт Тошиев.
Ин изҳороти як намоядаи боломақоми кишвар боиси вокунишҳои шадиди тоҷикистониён шуд. Собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфт, Ворухро ҳеҷ гоҳ Тоҷикистон иваз нахоҳад кард.
"Бар асоси бархе санадҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҷуғрофӣ қаламрави Ворух ҳеч гоҳ анклав набудааст ва танҳо замони шӯравӣ бархе кӯчманчиёни қирғизро ба чарогоҳҳои Тоҷикистон роҳ дода буданд, ки баъдан дар он ҷо маскан шудаанду дар ҳамдигарфаҳмӣ бо бародарони тоҷикашон иқомат кардаанд", - таъкид кард вай.
Дар ҳамин ҳол, як изҳороти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Ворух ба тамоми радду бадалҳо нуқта гузошт: "дар 19 соли музокирот (бо Қиризистон - аз идора) масъалаи иваз кардани Ворух вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад".
Бояд зикр намуд, ки дарозии умумии марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 972 километр ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 520 километр дар сатҳи ҳукумат ва 77 километр дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ мувофиқа карда шудааст.
Зиёда аз 370 километр номуайян боқӣ мондааст.
Қисми сарҳадии Қирғизистон-Тоҷикистон давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.