ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Бо гузашти як ҳафта аз оғози маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои ба таври иҷборан ба хизмат бурдани ҷавонон нашр шудаанд.
Собиқ комиссари ҳарбӣ ва коршиноси созмони ҳуқуқии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ҳодисаҳои гирогири сарбозон ё ба истилоҳ “облава” - ро хилофи қонун хонд.
Музаффар Бобоҷонов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки рух додани ҳодисаҳои гирогири сарбозон ё ба истилоҳ “облава” дар кӯчаву бозору саҳро, амали хилофи қонун маҳсуб шуда, барои ин ҳама, раисони шаҳру ноҳияҳо ҷавобгаранд.
"Дар ҳолати рух додани “облава” ҳама комиссариати ҳарбиро гап мекунанд. Ҳол он, ки раиси комиссияи даъвати ҳарбӣ худи раиси шаҳр, ноҳия ва ё муовинони онҳо ҳастанд. Бинобар ин барои “облава” пеш аз ҳама бояд худи онҳо ҷавобгар бошанд, ки барои чӣ ба чунин амали номатлуб иҷозат додаанд", - зикр намуд, собиқадори комиссариати ҳарбӣ.
Бобоҷонов ҳудуди 12 сол минҳайси комиссариати ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияи минтақаи Ғарм, Гулистон (собиқ Қайроққум) ва Бобоҷон Ғафуров фаъолият намудааст. Зимнан дар созмони ҳуқуқии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар Хуҷанд кор мекунад.
Ӯ мегӯяд, “облава” ба обрӯи артиш дар кишвар латма зада, ба азми волидоне, ки ихтиёран фарзандони худро ба хидмат сафарбар намуда низ бетаъсир намемонад.
"Шахсоне, ки ба “облава” машғул мешаванд, ҳамчун одамрабоӣ ва ё ғайриқонунӣ маҳрум намудани шахс аз озодӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд", - пешниҳод намудааст, коршинос.
Чанде пеш парлумони кишвар лоиҳаи хизмати алтернативии ҳарбиро, ки пулакӣ шудани онро дар назар дорад қабул намуд. Аммо то ба ҳол қарори ҳукумат дар бораи ҳаҷми пардохти пул ва ба ин васила озод шудан аз хизмати ҳарбӣ қарор қабул накардааст.
Дар маъракаи даъвати баҳории имсол ҷавонони сину солашон 1994-2003, ки ҳуқуқи ба таъхир ва ё озодшавӣ аз хидмати сарбозиро надоранд, ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.