Навори сафари кории президент ба Ворух

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати Ворух нашр шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо сафари корӣ вориди шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Ворух шуд.
Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки исми Ворух, ки дар пайи баҳсҳои марзӣ дубора дар сархати хабарҳову баҳсҳо қарор мегирад.
Президент дар ин минтақа чанд иншоотро ифтитоҳ кард ва бо мардум сӯҳбат намуд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ нахустин навор аз ин сафари кишвардор нашр гардидааст.
Дар он президент нахуст Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии "Ширин"-ро мавриди истифода қарор доданд.
Ин иншоот аз тарафи соҳибкори ватанӣ Сорбон Савриддинов мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии "Ширин" дар 2 гектар замин бунёд ёфта, дорои майдончаҳои варзишии замонавии кушодаю болопӯшида ва 2 ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакону калонсолон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон: Ворух иваз намешавад ва нахоҳад шуд
Майдончаҳои кушода ва болопӯшидаи маркази хизматрасонӣ барои бозии футболи хурд, волейбол, баскетбол ва дигар намудҳои варзиш пешбинӣ шуда, барои варзишгарон ҷойҳои либосивазкунӣ ва дигар шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Ҳамчунин дар ин марказ 3 суҳбаткада ва боғи истироҳатӣ бо аттраксионҳо бунёд карда шудаанд, ки ба макони асосии истироҳату фароғати сокинони деҳоти Ворух табдил ёфтаанд.
Дар баробари иншооти варзишӣ ҳамзамон дар ҳудуди маркази фарҳангӣ — фароғатӣ меҳмонхона барои қабули 15 нафар дар як вақт, нуқтаи хӯроки умумӣ ва шустушӯи воситаҳои нақлиёт сохта шудааст.