ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, бинои идораи милисаи Ворух аз таҳхона ва се ошëна иборат буда, дорои утоқҳои корӣ, хобгоҳ барои 200 нафар, утоқи тиббӣ, толори маҷлис ва китобхона мебошад.
Иншоот бо фармоиши Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд аз тарафи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ширкати сохтмони “Исфара” сохта шудааст.
“Дар таҳхонаи бино толори тамрин ва обу тоби бадан ташкил карда шудааст ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон доранд бо истифода аз таҷҳизоти замонавии варзишӣ малакаи хешро тақвият бахшанд”, - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон барои бо сифати баланд бунëд намудани иншоот ба сохтмончиëн баҳои баланд додааст. Ӯ ҳайати шахсии шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳисси масъулият дар иҷрои садоқатмандонаи ӯҳдадории ҳарбӣ ҳидоят намудаст.
Зикр шудааст, ки ҳудуди иншоот бо камераҳои мушоҳидавӣ пурра назорат карда мешавад. Барои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор бино бо таҷҳизоти худкори огоҳикунанда ҷиҳозонида шуда, бо ҳамин мақсад дар саҳни ҳавлӣ ҳавзи об бунëд гардидааст.