Даргузашти шоҳзода Филипп, ҳамсари Елизаветаи II

Герсоги Эдинбург Шоҳзода Филипп баъд аз бемории тӯлонӣ дар синни 99-солагӣ даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Шавҳари маликаи Британияи Кабир Елизаветаи II, Гертсоги Эдинбург Филипп вафот кард.
Дар ин бора Қасри Букингем дар сафҳаи Твиттерияш хабар дод.
"Ҷаноби Олӣ Малика бо андӯҳи амиқ марги шавҳари маҳбуби худ, Волоҳазрат, шоҳзода Филипп Герсоги Эдинбургро эълон кард", - гуфта мешавад дар паём.
Шоҳзода субҳи имрӯз дар қалъаи Виндзор, манзили подшоҳони Бритониё дар Беркшир даргузашт.
Сабаби марги гертсоги Эдинбург мушаххас нашудааст.
Ҳамзамон, маълум аст, ки шавҳари Елизаветаи II пас аз бемории тӯлонӣ вафот кардааст.
Аз соли 2017, шавҳари Малика аз иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ даст мекашад.
Миёнаи моҳи феврал, ӯ дар беморхона бистарӣ буд, чанд рӯз пеш аз он, ӯ ва Малика аввалин вояҳои ваксинаи COVID-19 -ро гирифтанд. Вай тақрибан як моҳро дар беморхона сипарӣ кард. Баъдтар, расонаҳо навиштанд, ки Филипп бомуваффақият ҷарроҳии дилрогузаронидааст.
Даргузашти Озодамоҳ Муҳтарамова, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон

Ҳолномаи шоҳзода Филипп

Шоҳзода Филип - писари шоҳзодаи юнонӣ ва даниягӣ Эндрю - 10 июни соли 1921 дар Юнон таваллуд шудааст.
Пас аз он ки бародари калониаш дар соли 1922 аз тахт сарнагун шуд, оилаи шоҳзода Филип аз кишвар ронда шуд.
Вай ҳангоми таҳсил дар коллеҷ бо Маликаи Бритониё шинос шуд. Онҳо дар соли 1947 издивоҷ карданд ва Филип насаби Бритониёро гирифт ва Монтбеттен шуд. Пас аз тӯй, ӯро Герсоги Эдинбург эълон карданд.
Зану шавҳар чор фарзанд доранд: Чарлз, шоҳзодаи Уэлс, шоҳзода Анн, шоҳзода Эндрю, гертсоги Йорк ва шоҳзода Эдуард, граф Вессекс.